Фаъолияти ҶДММ “Ақиқа” дар моҳҳои январ-апрели соли 2020

Акика

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ақиқа» моҳи ноябри соли 2009 таъсис ёфтааст ва фаъолияташ аз истеҳсол, воридот ва хариду фуруши маснуоти заргарӣ иборат аст.

ҶДММ “Ақиқа” бо Корхонаи муштараки «Апрелевка» ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монда, ашёи хомро аз ин корхона дастрас мекунад.

Аз ин шароити мусоид истифода карда, ширкати «Ақиқа» заргарони соҳибкасбро ба кор ҷалб намуд ва онҳо бо ҳунари воло, таҷриба, диди замонавии худ маснуотҳои заргарии дилфиреб бо тарҳи миллӣ ва муосирро сохта пешкаши мизоҶон намуданд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, ширкат дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 91 адад маҳсулот ба маблағи 196044 сомонӣ истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 154 сомонӣ заёд мебошад. Дар ширкат 21 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва Вазорати саноати кишвар ширкати «Ақиқа» тӯли даҳ сол дар бозори дохилӣ Ҷумҳурӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда, машҳур гардид ва аз соли 2017 тамѓаи молии «Ақиқа» ҳифз карда шудааст, ки дар соҳаи заргарии мамлакат ин ягона ширкати дорои чунин мақом аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз Ҷониби Вазорати саноати кишвар як қатор намоишҳо ва фестивал-озмунҳо дар сатҳи Ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор карда мешавад, ки дар он ширкати «Ақиқа» низ фаъолона иштирок менамояд. Чунин як намоиш дар сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии ҳамсояи мо Узбекистон баргузор гардида буд ва бо дастгирии бевоситаи Вазорати саноати кишвар ширкати «Ақиқа» иштирок намуда, ҳунари заргарони худро ба маърази тамошо гузошт. Дар ин намоиши байналмилалӣ маснуотҳои истеҳсол намудаи ширкат бо истифода аз маҳсулоти ватании худ, ки бо тарҳи миллии тоҷикӣ омода шуда буданд аз тарафи тамошобинон баҳои баландро сазовор гардид.