Конфронси илмӣ-амали таҳти унвони “Муаммоҳои коркарди маҳсулоти саноатӣ ва истиқлолияти энергетикӣ”

конфронс

“Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

 Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи таҷлили Рӯзи илми тоҷик ва ҳафтаи илм дар коллеҷ конфронси анъанавии илмӣ-амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Муаммоҳои коркарди маҳсулоти саноатӣ ва истиқлолияти энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо даъвати меҳмонону намояндагони соҳаи саноат дар сатҳи баланди омодагиҳо баргузор гардид.

Бояд  гуфт, ки дар конфронси мазкур намояндагони  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  иштирок  намудаанд.

Ҳамзамон конфронси илмӣ-амалӣ дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, масъалаҳои марбут ба самтҳои алоҳида мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин конфронсҳо ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо, инчунин баҳри азхудкунии донишҳои замонавӣ вобаста ба равия ва соҳаи ҷудогона мусоидат намуда, барои рушди бемайлони илми тоҷик дар ҳамаи самтҳо ва рақобатпазир будани онҳо дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ имконияти зиёде фароҳам меорад.