Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии «Саноат» гипохлориди натрий истеҳсол менамояд

гипохлорид

Гарчанде, ки аввалин бор гипохлориди натрий NaClO зиёда аз 230 сол пеш истеҳсол шуда бошад ҳам, технологияи истеҳсоли он амалан бетағйир мондааст.

Асосгузори истехсоли гипохлорид химики фаронсавӣ олим Клод Луис Бертолле мебошад, ки дар соли 1785 аввалин бор ҳангоми гузаронидани гази хлор ба об, маҳлуле ҳосил мешавад, ки дорои хусусиятҳои сафедкунӣ дорад. Аммо ин маҳлул бениҳоят ноустувор мебошад, зеро он кислотаи гипохлоридӣ буда дар соли 1787 олими инглис Леонард Албан ҳангоми иваз кардани об бо маҳлули гидроксиди калий (KOH) табаддулоте ҳосил кард, ки дар натиҷа маҳлули гипохлориди калий (KClO) ҳосил шуд.  Ин модда дар ҳамон замон Eau de Javelle номгузорӣ шудааст (аз забони фаронсавӣ тарҷума шуда маънояш сафедкунанда, оби безараргардонӣ мебошад) ва асосан барои сафедкунии матоъҳои гуногун истифода мешуд.

Дар соли 1799, ҳангоми хлоронидани оҳаки шукуфта (гидроксиди калсий, Са(ОН)2) гипохлориди калсий, ки маъруф бо номи «оҳаки сафедкунанда» маълум аст, гирифта шуд.

Технологияи истеҳсоли гипохлориди натрий NaClO дар соли 1820 аз ҷониби дорусози фаронсавӣ Антуан Жермен Лабаррак аввалин бор  дар натиљаи иваз кардани маҳлули обии гидроксиди калий ба маҳлули гидроксиди натрий, гипохлориди натрий NaClO  бо номи Eau de Labarraque ё “обии лабарракӣ” ҳосил шуд, ки нисбати гипохлориди калий-KClO хеле арзонтар буд ва истеҳсоли саноатии он оғоз ёфт.

Дар замони муосир дар ҷаҳон миллионҳо тонна гипохлориди натрий тавлид мешавад, ки аз тарафи аксар истеҳсолкунандагон дар шакли маҳлуле, ки тақрибан 15% хлори фаъол доранд истеҳсол карда мешавад. Барои гурӯҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон ин маҳлулро то 5-10% хлори фаъол бо илова кардани об ҳосил мекунанд.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи химикон, муайян карда шудааст, ки қисми асосии гипохлориди натрий барои истифодаи саноатӣ барои истифодаи дохилӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ масраф карда мешавад.

Маҳлули (софи) тозаи гипохлориди натрий NaClO (бе омехтаи NaCl) дар шароити лабораторӣ тавассути нейтрализатсияи кислотаи гипохлоридӣ бо ишқорҳо ба даст оварда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси «COVID-19» бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Саноат» истеҳсоли гипохлориди натрийро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини саривақтии аҳолӣ бо ин маводи безараргардонӣ кушиш намуда истодааст.