23-УМИН СОЛГАРДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

вахдат

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси шукронаву қаноатмандӣ аз рӯзгори ободу озод ва фазои орому осоиштаи мамлакатамон, ҳамаи саноатчиёни мамлакат ва дар симои шумо куллӣ мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯяд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаҳои нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.

Ин воқеаҳои даҳшатбор, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқӯъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд.

Ба иқтисодиёти мамлакат хисороти азим ворид гардида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд. Дар баробари ин, гурӯҳҳои алоҳида аз нооромии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намуда, хароб намудани молу амвол ва таҷҳизоти бисёри корхонаҳои саноатии мамлакатро берун аз марзи кишварамон бурданд.

Дар он айём хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил ёфта, душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик низ амалӣ гардидани ҳамин нақшаи даҳшатноку фоҷиаборро мехостанд.

Хушбахтона барои мардуми тоҷик, фарзанди асил ва бонангу номуси миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ ба талошу мубориза ба майдони сиёсӣ омада собит намуданд, ки миллате чун тоҷикон бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ наметавонад бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд гардад.

Майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу оромӣ дар кишвар ҳарчи зудтар барқарор гардид.

Ҳарчанд ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тӯлониву пурмашаққат буд, вале хушбахтона ҷаҳду талошҳои пайваста, содиқӣ ба халқи тоҷик тавонистанд дар саросари мамлакат сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ побарҷо намоянд, ки он имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Мардуми шарифи кишвар зиёда аз ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.

Дар чунин вазъият моро зарур аст, ки барои тарбияи наслҳои огоҳу бедор талош намоем, онҳоро дар рӯҳияи ҳифзи Истиқлолияту озодӣ ба воя расонем, то ки фарзандони мо дар оянда барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлати соҳибихтиёрамон омода бошанд.

Ваҳдати миллӣ дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа саҳм гузошта, ба қадри сарзамини аҷдодии тоҷик расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.

Бовари дорем, ки мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди хирадмандаш, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бо шукронаи Истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад.

Бо эътимоди комил бори дигар ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта ва орзу менамоем, ки дар хонадони ҳар яки шумо чароғи муқаддаси сулҳу оромӣ ҳамеша фурӯзон бошад.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОШАД!

Бо камоли эҳтиром,

Вазири саноат ва технологияҳои

нави Ҷумҳурии Тоҷикисон

Файзуллозода Заробиддин