Сафари кории роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб»

0011

27 июни соли 2020 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, аз рафти корҳои ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» вобаста ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба сохта ва ба истифода додани марҳилаи дуюми коргоҳи металлургии истеҳсоли сурмаи металлӣ шинос шуданд.

Роҳбарияти ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» ба Вазири саноат ва технологияҳои нав ва ҳайати масъулин, ки аз хати технологии нав дидан намуданд, оид ба иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифта иттилоъ доданд.

Ёдовар менамоем, ки иқтидори солонаи истеҳсолии ҷамъият 4,0 ҳазор тонна сурмаи металлӣ буда, то ин ҷониб барои истеҳсоли он зиёда аз 10-12 ҳазор тонна хокаи бойгардонидашудаи сурма коркард карда мешуд.

Бо ба истифода додани марҳилаи дуюми коргоҳ, ҷамъият метавонад то 32,0 ҳазор тонна хокаи бойгардонидашудаи сурмаро коркард намуда, аз он тибқи нақша то 10,0 ҳазор тонна сурмаи металлӣ истеҳсол намояд.

Бояд иброз намуд, ки чунин хати технологӣ дар Осиёи миёна ягона буда, маҳсулоти истеҳсолшуда пурра ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Айни замон хати дуюми ҷамъият дар реҷаи таҷрибавӣ-истеҳсолӣ қарор дорад.

Инчунин, дар рафти сафар аз сохтмони фабрикаҳои бойгардонӣ ва иншоотҳои ёрирасони ҶСП «Талко Голд» ва ҶДММ «Талко Флюорит» дидан карда шуд.

ҶСП «Талко Голд», ки дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷойгир гардидааст, дорои иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминии гурӯҳӣ конҳои «Кончоч» буда, барои истихроҷи он  мақсад дорад 120 млн. доллари ИМА сармояи   хориҷӣ ҷалб намояд.

Бо ба истифода додани иншоотҳои мазкур зиёда аз 1500 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати шоиста таъмин мегарданд. Иқтидори истеҳсолии солонаи фабрикаи сохташаванда коркарди 1,5 миллион тонна маъданро бо усули флотатсионӣ ташкил медиҳад.

Ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ ҶДММ «Тибети Хитой Ҷивей» ҳамчун пудратчӣ ҷалб гардидааст, ки дар он 246 нафар шаҳрвандон аз ҷумла119 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 127 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият намуда истодаанд. Муҳлати сохтмон 1,5 сол муайян карда шудааст.

Ҳоло дар корхона хати барқи 110/10 кВ ва зеристгоҳи барқӣ бо васли 2 адад трансфарматори 1600 кВа насб карда шудааст.

Аз ҷониби корхона таҳкурсирезии фабрикаи бойгардонӣ идома дорад.

Барои сохтмони иншоотҳои ҶДММ «Талко Флюорит» 8,340 га қитъаи замин ҷудо гардидааст, ки 3,5 гектари он барои сохтмон пешбинӣ гардидааст. Иқтидори истеҳсолии фабрикаи бойгардонӣ барои маъдани кони “Казнок” 40,0 ҳазор тоннаро дар як сол ташкил медиҳад.

Реҷаи кории фабрикаи бойгардонӣ мавсимӣ пешбинӣ гардидааст. Сохтмони партовгоҳ дар қитъаи 1,5 гектар давом дорад. Бо ба истифода додани иншоотҳои мазкур зиёда аз 300 ҷои кории нав дар назар дошта шудааст.