Тақвияти рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла

0ac97fec325e2d9b8032c3056ab32770

Соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғли қадимтарини мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз доираи рукнҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Зеро маҳз иқлими мусоиди Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки ба ин намуди соҳа сокинон шуғл варзида, маҳсулоти истеҳсолнамударо пешкаши бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ гардонанд.

Соли равон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори 18500 қуттӣ тухми кирмак ворид гардида, ба кирмакпарварони ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Ба ҳолати 24.06.2020 дар ҷумҳурӣ 376,8 тонна пилла истеҳсол шуда айни замон ҷамъоварии пилла аз хоҷагиҳои кирмакпарвар идома дорад.

Ҳоло корхонаҳои коркард, аз ҷумла ҶДММ «ВТ-Силк» ва ҶДММ «Дук» фаъолият доранд, ки ресмон ва матои абрешими надофӣ истеҳсол менамоянд. ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ягона корхона дар самти истеҳсоли матои атлас дар ҷумҳурӣ буда, зиёда аз 50 нафар кормандон ба кор ҷалб гардидаанд. Дар корхона истеҳсоли зиёда аз 60 намуд матои атлас ва 30 намуд матои адрас ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани замина барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо ва инчунин ҷиҳати татбиқи  банди 26 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат 14 октябри соли 2019 баён доштанд, «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» таҳия гарда дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2020 мавриди муҳокима қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.