Корхонаи дорубарории ҶДММ «Вежа фарм»

17ae9d13feb6e8cfef1aa0f2dabb5f27

    Бояд қайд намуд, ки корхонаи дорубарорӣ соли 2015 ҳамчун ҶДММ «Вежа фармасевтикал» дар иқтидорҳои бекорхобидаи  ҶСП «Фарфор»-и шаҳри Турсунзода бо ҷалби зиёда аз 30 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Биною иншоотҳои барои корхонаи дорубарорӣ пешбинигардида ба таври замонавӣ таъмир карда шуда, таҷҳизотҳои муосири технологии дорубарорӣ аз Ҷумҳуриҳои Украина ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  харидорӣ, ворид ва  васлу насб карда шуданд.

    Дар корхонаи мазкур истеҳсоли зиёда аз 15 намуд маводҳои доруворӣ аз қабили моеъҳои «новокаин», «рингер», «натрий хлорид» 200, 250 млг. «глюкоза»  200, 250 млг., «трисол» 200, 250 млг., «манит» аз 100 то 500 млг., «метронидазол» аз 100 то 500 млг. «реоплиглюкин» аз 200 то 500 млг.  ба роҳ монда шуда, имкон фароҳам омад, ки корхона солона дар ҳаҷми то 10 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.

    Дар моҳи марти соли 2020 бо сабаби паҳн гардидани пандемияи коронавируси  навъи «COVID-19» ва дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корхона аз тарафи соҳибкорони ватанӣ харидорӣ шуда, пас аз таъмири ҷорӣ ва барқарор намудани системаи электронии идоранамоии раванди истеҳсолот ҳамчун ҶДММ «Вежа фарм» ба фаъолияти истеҳсолии муназзам шурӯъ намуд.

    Муттасадиёни корхонаи навтаъсис бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар як муддати кутоҳ тамоми система ва хатҳои технологии корхонаро  ба кор андохта, то якуми июли соли 2020 дар маҷмуъ 3285 ҳазор флакон «глюкоза», «натрий хлорид», «левофлаксатсин» ва маҳлули «рингер»-ро истеҳсол ва дар давраи афзоиши паҳншавии коронавируси  навъи «COVID-19» ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

    Тавре  маълум гардид, корхона мақсад дорад бо таъмин намудани бозори дохилӣ дар оянда маҳсулоти худро ба давлатҳои хориҷи наздик содирот намояд.

    Корхона айни замон мақсад гузоштааст, ки то охири соли равон хати технологии истеҳсоли дорувориро дар намуди ампула ворид ва васлу насб намояд ва дар ин самт корҳои омодагӣ идома доранд.

    Дар ин қатор ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳудуди корхона хати истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ бо назардошти талаботҳои стандатрҳои байналмилалӣ то охири ҳамин сол мавриди истифода қарор дода шавад. Айни замон шумораи коргарон 103 нафарро ташкил медиҳанд ва бо ба кор андохтани ду хати нави истеҳсолӣ шумораи коргарон ба 200 нафар расонида хоҳад шуд.

    Ҳамзамон мутасаддиён тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ хати истеҳсолоти маҳсулотҳои гуногунро барои кӯдакони ширхор ба роҳ монда,  омӯзиши бозори дохилӣ ва минтақаро баҳри истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти соҳавии воридотивазкунанда тақвият бахшанд.