Фаъолияти ҶДММ «Тоҷик кристалл»

Точик кристал

ҶДММ «Тоҷик кристалл»  яке аз аввалин корхонаҳои заргарии ватанӣ мебошад, ки  баъд аз ба даст овардани истиқлол ташкил шудааст. Самти асосии фаъолияти Ҷамъият аз соли 2002 то имрӯз истеҳсоли маснуоти заргарии миллӣ аз металлҳои тилло ва нуқра буда, ҳамзамон ба фуруши асбобҳои заргарӣ ва сангҳои ороишӣ машғул мебошад.

Сехи истеҳсоли маснуоти заргарӣ ҳамаи шароитҳои лозимаро доро буда бо таҷҳизоти замонавӣ ва муосир ҷиҳозонида шудааст, ки имконияти босифат истеҳсол намудани маснуоти заргариро таъмин менамояд.

Дар Ҷамъият зиёда аз бист нафар машғули кор буда, ба истеҳсоли маснуоти заргарӣ даҳ нафар заргари касбӣ вобаста аст ва аксарияти онҳо аз тарафи ҷамъият ҳар сол барои такмил додани касби худ ба дигар корхонаҳои кишвар ва хориҷ аз ҷумҳурӣ равон карда мешаванд.

Ҷамъият аз оғози фаъолият вобаста ба талаботи бозори дохила ва бо фармоишҳои мизоҷон истеҳсоли маснуоти заргариро вусъат дода то имрӯз зиёда аз 105,00 кг маснуоти заргарӣ аз металлҳои тилло ва нуқра истеҳсол намудааст, ки баҳри ғанӣ гардонидани бозори дохила аз маҳсулоти ватанӣ нақши муҳимро мебозад.

Дар давраи аз моҳи январ то апрели соли 2020 корхонаи мазкур ба маблағи 350662 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 45044 сомонӣ зиёд мебошад.

Маснуоти заргарии истеҳсолкардаи Ҷамъият, ки бо нақшу нигори миллӣ ва расму русуми халқӣ офарида шудааст, дар чандин намоишгоҳҳои дохили ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта сазовори мукофотҳо ва эътирофи тамошобинон ва мизоҷон гардидааст.

Бояд қайд кард, ки Ҷамъият бо дигар соҳибкорон ва корхонаҳои заргарӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, аксарияти онҳоро бо асбобу лавозимотҳои  зарурӣ таъмин менамояд ва роҳҳои беҳтару хубтар ва самаранок истеҳсол намудани маснуоти заргариро бо якдигар маслиҳат медиҳанд.

Ҷамъият тасмим дорад дар нақшаи дурнамои вусъат додани соҳаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ бо дизайни муосир ва нақшҳои миллӣ саҳми худро дар раванди соҳа боз ҳам бештар намояд.