Ифтитоҳи корхонаҳои саноати хӯрокворӣ аз ҷониби Пешвои миллат

maxresdefault

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд якчанд корхонаҳои саноати хӯроквориро мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, шарбат ва ғизои кӯдакона ифтитоҳ гардид.

Хати муосири технологӣ дар ин корхонаи пуриқтидори истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидааст.

Ҳоло дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ фаъолият карда, бо маоши баланд таъмин гардидаанд.

Корхона фаъолияти худро бо истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани газдор ва бегази брендҳои «RC» ва «Оби Зулол» дар зарфҳои аз 0,33 то 1,5 литра бо иқтидори истеҳсолии аз 14 то 20 ҳазор литр дар як соат шуруъ намудааст.

Дар хати нави технологӣ ғизои кӯдакона, шаҳду шарбат ва мураббои мевагӣ  дар зарфҳои нарм дар ҳаҷми аз 90 то 220 грамм истеҳсол мегардад. Дар як дақиқа 88 қуттӣ истеҳсол шуда, иқтидори солона ба 12 миллион қуттӣ баробар буда 60 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот мегардад.

Инчунин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати Азизӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмон дар ин иншоот соли 2018 оғоз гардида дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Корхона аз бинои асосӣ, биноҳои ёрирасон ва ошхона иборат мебошад.

Баъд аз ба фаъолият шуруъ намудани коргоҳи ҳасиббарории ҶДММ «Ширкати Азизӣ» 32 ҷойҳои кории нав ташкил карда шуд.

Ширкати мазкур ба бозори дохилӣ аз соли 2015 ворид шуда бо маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазир тавонист мавқеи худро мустаҳкам намояд.

Ширкат дар оянда нақша доранд, ки бо баланд азизибардоштани сифати маҳсулот, содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монад.

Зимни сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд. Корхона соли 2009 таъсис ёфта дар коркарди меваю сабзавоти гуногун ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи мустаҳкамро соҳиб гаштааст.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин васлу насб гардидаанд.

Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ бо назардошти коркарди мавсимии меваю сабзавот дар як шабонарӯз 10 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҶДММ «Сирдарё» беш аз 40 нафар бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин буда, бо васеъ намудани фаъолияти истеҳсолӣ шумораи коргарону мутахассисон ба 60 нафар расонида мешавад.