Оғози фаъолияти расмии ҶДММ «Тоҷтекс»

sffsf

ҶДММ «Тоҷтекс» дар шаҳри Душанбе бунёд ёфта, 10 июли соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти расмии худро оғоз намуд. Дар корхона зиёда аз 160 дастгоҳҳои дӯзандагӣ васлу насб карда шуда, барои 350 нафар ҷойҳои кории нав муҳайё карда шудааст. Дар корхона истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ва бачагона ба роҳ монда шуда, аз лиҳози сифат рақобатпазир ва мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 20 ҳазор дона либоси гуногунро дар бар гирифта, дастгоҳу таҷҳизот истеҳсоли давлатҳои Тайван ва Туркия мебошанд.

Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар корхона насб гардидааст, ки мувофиқи фармоиш дар рӯи либосҳо расму навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироят коронавируси COVID-19 аз ҷониби корхонаи мазкур истеҳсоли ниқобҳо ва халатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.

Мавриди қайд аст, ки барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноаткунонии босуръати мамлакат соҳаи дӯзандагӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки саноати сабук эътироф карда шудааст. Дар корхонаҳои соҳа либосҳои кории махсус, сару либос барои сохторҳои қудратӣ, муассисаҳои тандурустӣ, либосҳои мактабӣ ва варзишӣ, хаймаҳо, парчам ва дигар намуди маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол гардида, дар кишвар давоми моҳҳои январ–июни соли 2020 нишондиҳандаҳои ҳаҷми маҳсулоти дӯзандагӣ ба 115,6 млн сомонӣ расонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.