Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат гузаронида шуд.

15 июли соли 2020 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара маърӯза дар бораи “Натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои навбатии рушди соҳаи саноат барои нимсолаи дуюми соли 2020” инчунин “Масъалаҳои ҷории истеҳсолӣ” қайд карда шуд.

Ҳамчунин дар маърӯза таъкид гардид, ки дар 6 мохи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 13 млрд 136,9 млн сомонӣ, расонида шуд, ки суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба 109,2% ё ба маблағи 1 млрд 279,6 млн сомонӣ зиёд гардид.

Дар ин давра ҳиссаи саноати маъдан (26,2%), электроэнергетика (29,3%), саноати хӯрокворӣ (20,8%), саноати сабук (4,3%) (корхонаҳои пахтатозакунӣ 1,6%), саноати масолеҳи сохтмон (9,2%), саноати мошинсозӣ (6,5%), саноати ангишт (1,0%), саноати табъу нашр (0,6%) ва саноати нафт ва газ (0,4%) дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 118,1% (20,2 млн сомонӣ зиёд), саноати маъдани кӯҳӣ 112,8% (389,8 млн сомонӣ зиёд), саноати масолеҳи сохтмон 100,1% (1,7 млн сомонӣ зиёд), саноати сабук 102,1% (11,6 млн сомонӣ зиёд), саноати мошинсозӣ 101,4% (11,9 млн сомонӣ зиёд), саноати табъу нашр 111,4% (7,9 млн сомонӣ зиёд), саноати хӯрокворӣ 114,7% (350,3 млн сомонӣ зиёд), корхонаҳои пахтатозакунӣ 111,0% (21,1 млн сомонӣ зиёд), нафт ва газ 73,7% (-17,4 млн сомонӣ кам) ва электроэнергетика 114,3% (482,6 млн сомонӣ зиёд) афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ рушди саноат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ғайр аз ВМБК (88,9%) ва шаҳри Душанбе (96,1%), таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд 114,4%, вилояти Хатлон 103,6% ва НТҶ 115,5%-ро ташкил дод.

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии саноати коркард (114,0%), истеҳсол ва тақсими нерӯи барқ, газ ва гармӣ (103,2%) ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми маҳсулоти содиротшуда аз ҷумҳурӣ зиёда аз 6 млрд 595,1 млн сомониро (640,3 млн доллари ИМА) ташкил дод, аз ҷумла дар бахши саноат 3 млрд 159,0 млн сомонӣ (306,7 млн доллари ИМА)-ро дар бар мегирад.

Вобаста ба рушди соҳаи саноат, хусусан расидан ба ҳадафи муҳими стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, барои ҷоннок намудани фаъолияти истеҳсолӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани хатҳои нави технологӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар кори ҷаласа аз ҷониби роҳбарони корхонаю муассисаҳо доир ба мушкиливу камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо шунида шуда,  аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нав доир ба фаъолияти минбаъда, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротии кишвар дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.