Шиносои аз фаъолияти ҶДММ КМ “Зарафшон”

IMG_20200724_094033

Бо мақсади таъмини иҷрои протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №7 оиди шинос шудан аз фаъолияти корхонаҳои калони коркарди маъдан, аз ҷумла ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон” вобаста ба уҳдадориҳои протоколӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом доданд.IMG_20200724_093940

Ҳангоми сафари корӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав бо ҳайати масъулин аз қитъаҳои конҳои тилло ва миси «Тарор», «Ҷилав», нақби обгузар дар мавзеъи Моғиёндарё, партовгоҳи №2 ва №3, фабрикаҳои бойгардонии №1, №2 ва №3 ва аз интихоби мавзеи сохтмони заводи металлургӣ, дидан намуданд.

Мақсади боздид аз минтақаҳои корӣ ин оқилона ва самаранок истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Дар рафти боздид аз минтақаҳои корӣ ба фаъолияти ҷамъият шинос шуда, оид ба талаботҳои ягонаи қоидаҳои коркарди конҳо ба роҳбарияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон” баҳри самаранок истифодабарии захираҳои конҳои болозикр бо риояи қоидаю талаботҳои амалкунандаи соҳавӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.

Бояд иброз намуд, ки барои татбиқи марҳилаи дуюми кони «Тарор» сохтмони иншооти гидротехникӣ (нақби обпарто) бо дарозии 960 метр ва андозаи нақб 19,4 м2, бо мақсади ҷойгир намудани ҷинсҳои куҳии холӣ (отвал пустых пород) оғоз гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон” азимтарин корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдани ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар нимсолаи якуми соли 2020 ба маблағи 1 млрд 794 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбати ҳамин даври соли 2019 ба маблағи 683,6 млн. сомонӣ зиёд буда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 13,6 фоизро ташкил додааст.010A1361

Айни замон дар ҷамъият 2107 нафар коргарон фаъолият намуда, музди миёнаи меҳнати як нафари он ба 4058 сомонӣ баробар мебошад.

Иқтидори истихроҷ ва коркарди солонаи маъдан дар ҷамъият 5,5 млн. тонна буда, 83,0 фоизи маъдан аз кони тилло ва миси «Тарор» истихроҷ карда мешавад.

Фулузоти истеҳсолнамудаи ҷамъият пурра ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳиссаи ҷамъият дар маҷмӯи истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо 77 фоизро дар бар мегирад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №7 пайгирӣ намуда, дар ҳамбастагӣ бо корхонаҳои азими соҳаи саноати коркарди маъдан уҳдадориҳои ба нақшагирифтаро саривақт таъмин хоҳанд кард.