Сарфароз гардидани кормандони соҳаи саноат бо мукофотҳои давлатӣ

IMG_1932Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14- уми  июли соли 2020  таҳти № 1571 дар қатори кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон  кормандони зерини  соҳаи саноат низ барои  саҳми арзанда дар рушди саноат, илму фарҳанг ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шудаанд, аз ҷумла;

  • Абдураҳимзода Баҳриддин Азиз– сардори Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
  • Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ– директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи кўҳии ба номи Сороҷон Юсупова”- и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати Шоиста”.

 Вобаста ба масъалаи мазкур,  санаи 2-уми сентябри соли 2020 дар ҷамъомади аҳли меҳнатии  дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Гулмаҳмадзода  Давлатшоҳ Қурбоналӣ нафарони болозикрро бинобар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданашон  табрик гуфта, онро бо тантана тақдим намуданд.

Ҳамзамон,  аҳли нишаст ва дар шахсияти онҳо кулли кормандони саноати  кишварро бо фарорасии 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта,   дар пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ  комёбиҳо орзў намуданд.

     Дар хотима, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки саноатчиёни  ҷумҳурӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар  содиқона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  меҳнат намуда, ба дастрвардҳои назаррас ноил хоҳанд гардид.

                                           Бахши котиботи  Вазорати саноат

                                           ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон