Шодбошӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Муҳтарам саноатчиёни кишвар,

           Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо самимияту эҳтироми бепоён ҷашни муқаддаси миллӣ,  29 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба  ҳар яки Шумо ва дар шахсияти Шумо ба  пайвандонатон табрику таҳният гуфта, бароятон  пеш аз ҳама тансиҳатии бардавом, умри дароз. баракати зиндагӣ, дар фаъолияти меҳнатии ҳамарўзаатон баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ, бахусус дар раванди саноатикунонии босуръати  мамлакат, ҳамзамон дар  корҳои ободониву созандагӣ комёбиҳо ва саодати пояндаро таманно менамояд.

            Бояд зикр намуд, ки  саноатчиёни  кишвар дар қатори мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз бо рўҳи баланди идона баҳри он ҷидду ҷаҳд доранд, ки дастовардҳои меҳнатиаашонро боз ҳам афзун намуда, ҷашни 30- солагии Истиқлоляти давлатиро бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол намоянд.

            Бо чунин ниятҳои нек ва бо шукргузорӣ аз ин ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ  гуфта метавонем, ки дар фазои Истиқлолияти давлатӣ ба ҳама ҳадафу ормонҳои миллиамон хоҳем расид.

 

 

 

                                                                                    Вазири саноат ва технологиҳои

                                                                    нави Ҷумҳурии Тоҷикистон