Чорабинӣ оид ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025».

     СОМОНАIMG_1958  Санаи 11- уми сентябри соли 2020 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷамъомади машваратии Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025» ва Матритсаи амалиёти он   багузор гардид, ки дар кори он раванди татбиқи муқаррарот ва иҷрои нишондиҳандаҳои матритсаи амалиёти барномаи мазкур мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода шуд.

        Дар ҷараёни ҷаласа, дар баробари зикр гардидани корҳои назарраси   анҷомдодашуда дар ин самт, ҳамзамон  аъзои гурўҳи кории байниидоравӣ  вобаста ба роҳҳои ҳалли мушкиливу монеаҳои ҷойдоштае, ки метавонанд амалишавии саривақтии барномаи болозикрро халалдор  созанд пешниҳодҳои хешро баён намуданд.

       Бо дарназардошти ба роҳ мондани ҳамкориҳои  доимӣ  бо масъулини  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ,  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар оид ба мониторинг ва  амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025» ва Матритсаи амалиёти  он,  масъалаи  таъсиси зергурўҳҳо аз ҳисоби  аъзои гурўҳи кории байниидаравӣ вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин таъсиси як зергурўҳи таҳлилӣ   мавриди баррасӣ қарор дода шуда, чунин      чорабинӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

 

 

 

 

 

 

                                               Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон