Ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» дар ноҳияи Зафаробод.

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотии АМИТ «Ховар», 13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» дар  ноияи Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.

Дар фабрикаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Корхона дорои 5 мурғхона буда, 3 адади дигари он то ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон ба истифода дода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти ферма иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумори паранда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Роҳбарияти фермаи парандапарварии «Ҷасур» ваъда доданд, ки саршумори парандаро дар оянда ба 75 ҳазор сар расонда, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парҳезиро низ боло мебардоранд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, дар самти тақвияти иқтидори содиротии кишвар, рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаҳои воқеӣ гузошта мешавад.

Дар фермаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар оянда ин шумора ба 50 нафар расонида хоҳад шуд.

Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Фермаи парандапарварии «Ҷасур» дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардидааст.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат лоиҳаи 3 мурғхонаи дигар, ки дар марҳилаи дуюм бунёд карда мешавад, муаррифӣ карда шуд.

Иқтидори солонаи истеҳсоли гӯшт айни ҳол дар ин ферма 340 тоннаро дар бар мегирад ва бо фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона ин нишондод то ба 800 тонна расонида хоҳад шуд.

Масъулини корхона нақша доранд, ки истеҳсоли хӯроки чӯҷаҳоро низ дар назди корхона ба роҳ монанд.

Масъулони фермаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» нақша доранд, ки бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта, ояндаи наздик содироти чунин маҳсулотро низ ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра ба раванди парвариши паранда дар Фермаи парандапарварии «Ҷасур» ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона иқдоми соҳибкори ватаниро муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон барои истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида дар ин самт ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ, инчунин саҳмгузории бештар дар дастрасии сокинони мамлакат бо маҳсулоти худӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Бахши котиботи Вазорати

 саноат ва технологияҳои нав