Ифтитоҳи Корхонаи чӯҷабарории «Суғдиён-Свердловск» дар ноҳияи Мастчоҳ

Тибқи расонаҳои иттилооти  АМИТ «Ховар», 14 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ    Корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск»-ро ба истифода доданд.

Бо ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иқтидори корхонаи мазкур дар самти барориши чӯҷа ба 2 миллиону 970 ҳазор сар баробар аст ва имкон дорад, ки талаботи дигар корхонаҳои парандапарвариро бо чӯҷаи якрӯза таъмин намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ барои таъмин кардани талаботи корхонаҳои парандапарварӣ дар мамлакат аз хориҷи ҷумҳурӣ ба миқдори беш аз 3 миллион сар чӯҷаи якрӯза ворид карда мешуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин корхонаи навбунёд Сарвари давлат иқдоми соҳибкорони ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумори паранда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Самти асосии фаъолияти корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск» истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва ба фурӯш баровардани чӯҷаи якрӯза мебошад. Зоти ин мурғҳо «Декалб Уайт» буда, аз Федератсияи Россия оварда шудааст, ки ин зот ба ширкати ҳолландии «Хендрекс Ҷенетикс» тааллуқ дорад.

Дар ин корхонаи парандапарварии навтаъсис муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад, дастрас ва васлу насб гардидаанд.

Дар баробари навсозӣ ва насби технологияи муосири соҳа ҳамзамон, дар корхонаи  мазкур  озмоишгоҳи замонавӣ низ ташкил карда шудааст, ки дар он мутахассисони варзида ба кор ҷалб гардидаанд.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани Корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск» дар ноҳияи Мастчоҳ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Дар корхонаҳои истеҳсолие, ки дар ҷумҳурӣ бунёд гардидаанд, имкон фароҳам оварда шуд, ки рушди соҳаи саноат таъмин гардида, ба ин васила ҷойҳои кори нав таъсис дода шуда, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ марҳила ба марҳила баланд бардошта шавад.

Ифтитоҳи боз як корхонаи нави парандапарварӣ дар рушди соҳа ва таъмини бозори истеъмолӣ бо тухм ва гӯшти парҳезӣ мусоидат хоҳад намуд.