Ифтитоҳи Корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Зафаробод»

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотии АМИТ “Ховар”, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Зафаробод»-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намуданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи  зикргардида  аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст.

Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот буда, истеҳсолоти он тавассути ду адад воситаи нақлиёти махсус ба нуқтаҳои фурӯш дастрас мегардад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод” 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иқтидори истеҳсолии «Шири Зафаробод» дар як шабонарӯз аз 5 то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад.

Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи «Шири Зафаробод» дар зарфҳои 200, 300, 400 ва 500 грамма асосан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи зиёд ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бахши котиботи Вазорати

 саноат ва технологияҳои нав