Ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз мева дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт

аштМувофиқи расонаҳои хабарии АМИТ «Ховар». 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АГРОАШТ” ва 2 сардхонаи навбунёдро, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Мақсудҷонов сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

  Корхонаи истеҳсолии “АГРОАШТ” дар паҳлуи сардхона таъсис дода шуда, беш аз 10 намуди маҳсулоти қаннодӣ, аз қабили қиёми зардолу, олу, ангур, каду, нок, себи биҳӣ, анҷир ва ғайра истеҳсол мекунад.

  Мутобиқи маълумот дар рафти истеҳсолот ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он ҳамчун маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаву безарар ҳатто ба кӯдакони аз синни 3 боло низ тавсия дода мешавад.

 Коргоҳи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ таъсис дода шуда, дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз аз 5 то 6 тонна меваи тарро дар бар гирифта, техникаву таҷҳизоти зарурӣ маҳз барои истеҳсоли чунин маҳсулот бо дархост ва маслиҳати худи соҳибкорони ватанӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта ва ба кишвар дастрас карда шудаанд.

Дар ин корхонаи замонавӣ истеҳсоли қиёми мевагиҳо дар 9 марҳила сурат гирифта, дар қуттиҳои қоғазин бо шакл ва андозаҳои гуногун банду баст мегарданд. Раванди истеҳсолот тариқи компютер идора мешавад.

Мутобиқи маълумот, корхонаи “АГРОАШТ” дар Осиёи Марказӣ ягона корхонае ба шумор меравад, ки аз меваҷоти тару тоза ва хушк маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол менамояд.

Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони бо нангу номуси Ватан дар доираи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои созандаро рӯйи даст гирифта, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

 

 

                                                  Бахши котиботи Вазорати саноат

ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон