Ифтитоҳи ҶДММ «ТАЛКО Флюорит» дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ

талкоТибқи расонаҳои АМИТ «Ховар»санаи  12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иқтидори ин корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли консентрати флюорит дар як шабонарӯз дар навбати аввал аз 100 то 120 тоннаро ташкил дода, баъди татбиқи пурраи лоиҳа ин нишондод ба 200 тонна баробар мешавад.

Айни замон,  дар корхонаи навтаъсис 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, истеҳсоли консентрати флюорит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулон ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит» дастур доданд, ки ба истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табиии ин мавзеъ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад.

Ашёи хом ё худ маъдан аз масофаи 25 километр аз кони Қазноқ ба ин корхона оварда шуда, мавриди коркард қарор мегирад. Дар ин мавзеъ боз ду кони дигар мавҷуд аст, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ имкон аст нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ боз ҳам афзун гарданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит» дар самти содироти маҳсулот аллакай бо се ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

 

 

Бахши котиботи Вазорати саноат

ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон