Пирўзӣ муборак Ҷаноби Олӣ!

           Ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  «Оли Сомон»- и  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вазорати  саноат ва технологияҳои нав дар қатори кулли мардуми  сарбаланди  кишвари  азиз, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба муносибати аз нав интихоб шуданашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президентӣ, ки  рўзи 11- уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, шодбош  мегўяд.

          Санаи 12- уми октябри соли 2020  то ҷамъбасти  натиҷаҳои ниҳоии  интихобот, тибқи маълумоти аввалини хеш  Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пирўзии  боэътимоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро  аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо гирифтани  90, 92 % овози интихобкунандагон  эълон намуд.

          Боиси ифтихор аст, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, аз ҷумла иштироки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар интихобот нишона ва далели  камолоти фарҳанги баланди сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятию  сиёсии  мамлакат арзёбӣ мегардад.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оли Сомон»- и ҲХДТ

 дар   Вазорати саноат ва технологияҳои нави

 Ҷумҳурии Тоҷикистон