Роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар ҶДММ «Ваҳдат»

Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар заминаи ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон, коргоҳи нав бо васлу насби дастгоҳҳои ҳозиразамон оид ба истеҳсоли дастпўшакҳои бофташудаи сохтмонӣ ба фаъолият шурўъ намуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарўз зиёда аз 25 ҳазор ҷуфт дастпўшакҳои бофташудаи сохтмониро ташкил дода, сифати маҳсулот ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгў мебошад. Корхона омода аст бо ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати таъмини талабот бо дастпўшакҳои  зикргардида ҳамкориҳоро тақвият диҳад.

Ҳамзамон дар ҷамъияти мазкур коргоҳи дўзандагӣ бо истифода аз 50 дастгоҳҳои дарздўзӣ фаъолият дошта, дўхти либоси мактабӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло дар ҷамъият дар маҷмуъ 80 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи Ёвон соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  фаъолият оғоз намуда, барои пешрафти соҳаи кешбофии (трикотажии) кишвар саҳми назаррас дорад.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

 технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон