ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

     Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 16-уми октябри соли 2020 аз беморӣ, қалби Рустамӣ Содиқҷон Абдукаримзода – муовини вазири саноат ва технологияҳои нав дар синни 56-солагӣ аз тапидан боз монд.

    Рустамӣ Содиқҷон Абдукаримзода – аз январи соли 2019 то 16 октябри соли 2020 дар вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

    Шодравон 3 апрели соли 1964 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Фрунзе (Бишкек) дохил гашта, онро соли 1986 хатм намудааст.

   Рустамӣ Содиқҷон Абдукаримзода дар вазифаҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла мудири шуъбаи техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, котиби шуъбаи ташкилии кумитаи шаҳрии комсомолии шаҳри Исфара, муовини раиси шаҳри Исфара, директори генералии заводи спиртбарорӣ ва корхонаи кимиёвии шаҳри Исфара, директори комбинати консервабарории шаҳри Исфара, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини якуми раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд фаъолият намуда, вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Исфара низ буданд.

     Шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияшон дар ёди ҳамкорон, дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонанд.

    Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародару хоҳарони марҳум, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.

   Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон