Маълумот доир ба фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар 9 моҳи соли 2020

 

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар корбарӣ намуда истодаанд.

Корхонаҳои соҳа дар 9 моҳи соли 2020 ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва ҳиссаи соҳа дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 10,4 %-ро ташкил дод.

 Истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна, хишт 133,7 миллион дона, хишти сементӣ 55,6 миллион дона, газоблок 30,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1077,2 ҳазор метри мукааб, бетони сохтмонӣ 313,4  ҳазор метри мукааб баробар шудааст.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 45,7 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 27,3 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 18,4 миллион   доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурўши семент мебошад, ки маблағи он 45,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин (9,4 млн доллар), шиша (5,8 млн доллар), гаҷкартон (4,6 млн доллар), маснуоти санитарӣ (0,6 млн доллар) ташкил додааст.

Дар 9 моҳи соли 2020 корхонаҳои шифербарории ҶДММ “Хизир Назар”-и шаҳри Гулистон, “Восеъ саноат”-и ноҳияи Восеъ. корхонаҳои коркарди қуму шағал ҶДММ “Дустии Бародарон”, истеҳсоли хишт “Нури Ҳикмат”  дар ноҳияи Рўдакӣ, ҶДММ “Қуми Регар” дар шаҳри Турсунзода ва ҶДММ “Ватан МКМ” дар ноҳияи Шаҳритус  ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар онҳо 84 ҷойҳои кории нав бунёд гардидааст. Ҳисоботи омории онҳо дар мақомоти омор фаро гирифта шуда, дар 9 моҳи соли 2020 ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Истеҳсоли семент.

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарорӣ 5,6 миллион тоннаро ташкил дода, аз 16 корхонаҳои хурду калон 15 адади он фаъолият карда, 1 корхона бо сабабҳои гуногун маҳсулот истеҳсол  накардааст.

Дар 9 моҳи соли 2020 истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин миқдор 996,0 ҳазор тонна семент ба хориҷи кишвар,  аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон 562,0 ҳазор тонна, Афғонистон 391,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 43,0 ҳазор тонна содирот гардидааст. Ҳаҷми содиротгардида 31% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгаридаро ташкил медиҳад.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 27,9 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,1%, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26,7%, “Сементи Тоҷик” 5,2 % назаррас мебошад.

   Истеҳсоли шифер.

Дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият дошта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1258,8 ҳазор дона шифер ба маблағи 40,1 милион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 442,8 ҳазор дона зиёд аст.

Дар ин сол 2 корхонаи нави шифербарорӣ –ҶММ “Восеъ саноат” дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ва ҶММ “Хизир Назар” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳи Бўстони вилояти Суғд дар заминаи ҶДММ “Воситзода” коргоҳи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 250 ҳазор дона ба фаъолят оғоз намуд. Шумораи коргарон 25 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1100 сомонӣ баробар аст.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2018 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 10,2 млн. доллари ИМА шифер ворид гардида буд. Баъди сохта ба истифода додани корхонаҳои нав дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ истеҳсоли шифер зиёд гардида, воридоти он кам гашта истодааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар 9 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 343,0 ҳазор дона шифер ба маблағи 100,6 ҳазор доллари ИМА ворид шудааст, ки нисбати соли 2018 чандин маротиба кам мебошад.

                            

Истеҳсоли қуму шағал.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200  корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 2104  нафар коргарон кор мекунанд. Дар ин давра 1077,2 ҳазор метри мукааб қуму шағал истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 ҳазор метри мукааб зиёд аст.

Корхонаҳои мазкур талаботи сохтмонҳои ҷумҳурӣ ва аҳолиро бо ин намуди масолеҳ пурра таъмин менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолгардида ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгў буда, сифати он аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

Дар корхонаҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, коргарон ва муҳандисони техникӣ бо либоси махсуси корӣ ва хўроки гарми яквақта таъмин мебошанд.

Барои ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, риояи талаботи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот корбарӣ карда мешаванд.

                     

 

Истеҳсоли масолеҳи деворӣ.

Шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ) 129 ададро ташкил дода, дар онҳо 2406 нафар коргарон кор мекунанд.  Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 16, вилояти Суғд 48, ВМКБ  1, НТҶ 56 ва шаҳри Душанбе 6 корхона мавҷуд аст.

Аз ин миқдор 17 корхона бо сабаби кўҳнаю фарсуда шудани дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва надоштани маблағҳои гардон фаъолият карда натавонистанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон 133,7 миллион дона хишти сохтмонӣ, 55,6  миллион дона хишти сементӣ, 98,7 ҳазор метри мураббаъ хишти роҳрав ва 31,0 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст. Корхонаҳои мазкур иншоотҳои сохтмониро бо ин намуди масолеҳ пурра таъмин карда истодаанд.

Тибқи мактуби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 майи соли 2019 №9-1060 лоиҳаи ангоравӣ, барои сохтмони ангарҳо барои захираи хишт дар мавсими тирамоҳу зимистон ба миқдори 700,0 ҳазор дона хишт таҳия гардида ба корхонаҳо дастрас гардидааст. Ангарҳо барои захираи хишт дар корхонаҳои ҶДММ «Баракат»-и ноҳияи Шаҳринав,  ҶДММ «Умед-М»-и шаҳри Турсунзода, ҶДММ “Сино Тоҷик Стар”, ҶДММ «Чилу», ҶДММ «Сохтмони Қалъа», ҶДММ «Азим -2014»- ноҳияи Ҳисор ва ҶДММ «Шодмон», ҶДММ «Ёрмуҳаммад-2013» ва  ҶДММ «Али Мустафо»- и ноҳияи Рўдакӣ сохта шудаанд.

Солҳои охир дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ истеҳсоли якчанд намудҳои нави масолеҳ, ба монанди варақаҳои гаҷӣ, амстронг, хишти сабук, хокаҳои хушки сохтмонӣ, сангҳои ороишӣ барои намои бино, фарши тахтагӣ, рангҳои эмулсионӣ, маводи нарми бомпўшӣ, қубурҳои асбестӣ, калсит, лак  ва ғайраҳо ба роҳ монда шуд.

 Мавриди зикр аст. ки бештари маҳсулотҳои истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда  мебошанд.

 Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон