Фаъолияти корхонаҳои саноати сабук ва пилла дар моҳҳои январ–сентябри соли 2020

Таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти Олии кишвар  ба рушди соҳаи саноати сабук мунтазам ба назар расида, дар ин раванд давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои зерин расман ба фаъолият шуруъ намуданд.

Аз ҷумла, фаъолияти ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 19,2 млн ҷуфт ҷўробҳои гуногун дар шаҳри Душанбе, марҳилаи дуюми ҶДММ «Фарм Текс» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 5 млн. дона докаи тиббӣ дар ноҳияи Данғара, ҶДММ «Тоҷтекс» бо иқтидори 20 ҳазор дона маҳсулоти дўзандагӣ дар як шабонарўз дар шаҳри Душанбе, инчунин коргоҳҳои дўзандагӣ дар заминаи ҶДММ «Сано» ва ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» дар шаҳри Хуҷанд, дар шаҳрҳои Хоруғ ва  Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав ва коргоҳи мебелбарорӣ дар ноҳияи Шаҳринав расман оғоз гардиданд.

Дар маҷмуъ давоми нўҳ моҳи соли 2020 дар соҳаи саноати сабук 26 корхонаю коргоҳҳои нав ба истифода дода шуда, зиёда аз 490 шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ  таъмин гардиданд. Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои навтаъсис ба коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти дўзандагӣ, ҷўробҳо, халтаҳои полипропиленӣ, пахтаи курпабоб, пойафзол ва мебел равона карда шудаанд.

Бо мақсади васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ, татбиқи раванди инноватсионӣ ва беҳтаргардонии сифати маҳсулот дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук  давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 85,0 млн сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз қабили дастгоҳҳои қолинбофӣ, кешбофӣ, бофандагӣ, халтабарорӣ ва дўзандагӣ аз кишварҳои Россия, Туркия, Австрия, Эрон, Корея ва Хитой ворид ва васлу насб карда шудаанд.

Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои саноати сабук дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли номгўи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла дока, ниқоб ва халатҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 50 корхонаҳои соҳа ба миқдори 8999,4 ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ ва аз ҷониби 17 корхона ба миқдори 56469 дона халатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ истеҳсол шуда, асосан ба муассисаҳои тандурустии кишвар интиқол  ёфтаанд.

Дар доираи иҷрои муқаррароти “Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022” дар моҳҳои январ-сентябри соли равон як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо дарназардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи зиёда аз 1,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 214 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 116 фоиз таъмин шудааст ва  саҳми соҳа дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ 7,3 фоизро ташкил намуд.

Дар ҷумҳурӣ 38643 тонна нахи пахта истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ба миқдори 14443 тонна зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаҳои коркарди нахи пахта 13107 тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардида, дар коргоҳҳои бофандагӣ 9 млн 124 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол шуд, ки нисбат ба нўҳ моҳи соли 2019 1 млн 271,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд ва суръати афзоиш 116,1 фоизро ташкил дод. Аз матои пахтагини истеҳсолшуда 4 млн 586 ҳазор метри мураббаъ ва ё 50,2 фоиз барои эҳтиёҷоти худӣ истифода шуда, маҳсулоти дўзандагӣ истеҳсол гаридааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дўзандагӣ 214,5 млн сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба моҳҳои январ–сентябри соли 2019 ба маблағи 23,6 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии махсулоти дўзандагии истеҳсолшуда 155,0 млн сомонӣ ва ё 72 фоиз ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Дар ин давра зиёда аз 5 млн ҷуфт ҷўробҳои пахтагин истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 1 млн 136 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Коркарди пўсти чорво 472166 донаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2019 39068 дона зиёд мебошад. Аз пўсти коркардшуда ҶДММ «Чарм» барои истеҳсолоти худӣ 18000 донаро равона намуда, аз он 4 млн 410 ҳазор детсиметри мураббаъ чарм истеҳсол кардааст, ки назар ба 9 моҳи соли гузашта 1 млн 293 детсиметри мураббаъ зиёд мебошад. Аз чарми истеҳсолшуда корхонаи мазкур 135 ҳазор ҷуфт пойафзолҳои гуногун истеҳсол намудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 82 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

 Дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли пойафзол бо дарназардошти истеҳсоли пойафзолҳои резинӣ ба 643 ҳазор ҷуфт расонида шуд, ки  нисбат ба ҳамин  давраи соли қаблӣ 67 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

 Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон