РОҲАНДОЗӢ ГАРДИДАНИ ҲАДАФҲО ДАР СОҲАИ САНОАТ

Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо корхонаҳои саноатӣ вобаста  ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо истифодаи васеъ аз технологияҳои  муосир   зиёд    кардани  ҳаҷми  истеҳсоли  молу    маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои кории нав мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Бо мақсади амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва коҳиш додани шиддати омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, Вазорат Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар ва як қатор барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноатро, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, рушди саноати хурокворӣ, рушди соҳаи мошинсозӣ, рушди саноати сабук ва соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла то давраи соли 2025 таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амал қарор доранд.

Мақсад аз пешниҳоди барномаҳои мазкур фароҳам овардани замина барои ҳарчӣ бештар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили кластерҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулотҳои нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ва дар ин васила зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки мувофиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ташкили кластерҳои саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хўрокворӣ, фармасевтика, химия, коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли маҳсулотҳо аз сангҳои қиматбаҳо ва заргарӣ афзалият дода шудааст. Бо мақсади иҷрои саривақтии муқаррароти Барномаи болозикр ва Матритсаи амалиёти он гурўҳи кории байниидоравӣ ташкил карда шудааст.

Имрӯзҳо пандемияи COVID-19 таъсири манфии худро ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон расонида истода, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвар, чораҳои заруриро мавриди амал қарор дода истодааст.

Новобаста аз мушкилотҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар ҳамаи соҳаҳои саноат таъмин гардида, дар 9 моҳи соли равон ба 21 миллиарду 153,2 млн сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 110,7 фоиз ё ба маблағи 2 млрд 423,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба маблағи 19 млрд 162,6 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба фурўш бароварда шудааст, ки  он  90,6 фоизи маҷмуи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад. Ҳиссаи соҳаи саноат дар таркиби Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба андозаи  0,2 фоиз афзоиш ёфта, 17,9 фоизи  онро ташкил дод.

Чунин натиҷаҳои назаррас бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи саноат тавассути бунёди корхона ва коргоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои нав, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи соҳибкорон 106 корхона ва 87 коргоҳ бо 1685 ҷойи кории нав, дар маҷмўъ 193 корхонаву коргоҳ бо 2928 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шудааст, ба даст омадаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар саноат 106 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноати хўрокворӣ 37 корхона, саноати сабук 26 корхона, соҳаи масолеҳи сохтмон 20 корхона, мошинсозӣ 15 корхона,  саноати маъдан 2 корхона ва дар соҳаҳои дигари марбут ба саноат  6 корхона ба истеҳсолот оғоз карданд, ки 691,0 миллион сомонӣ ё 3,3 фоизи маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз ҳисоби ин корхонаҳои навтаъсис  истеҳсол шудааст.

Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои  навтаъсис воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда буда, ба стандартҳои  ҷорӣ мутобиқ мебошанд.

222222Рушди саноати ҷумҳурӣ бо суръати назаррас афзоиш ёфта, ҳар сол аз ҳисоби соҳибкорони  ватанӣ корхона ва коргоҳҳои саноатии нав таъсис ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки амалишавии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши рушди соҳибкории хурду миёна ифода менамояд.

Роҳбарони корхонаҳои саноатӣ вазифадор карда шудаанд, ки  бо мақсади таъмини дастрасии иттилооти зарурӣ барои афзун намудани содироти маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои нави содирот, шарикони тиҷоратӣ, инчунин омода намудани лоиҳаҳои аз лиҳози техникӣ-иқтисодӣ асосёфта тадбирҳои судманд андешанд.

33333 Тазаккур бояд дод,  ки бо мақсади муаррифӣ намудани молу моҳсулоти саноатӣ ва густариш додани ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои пешрафта дар самти рушди соҳаҳои саноат, барои мубодилаи таҷрибаву малака, тайёр ва баланд бардоштани сатҳи касбӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда, инчунин имтиёзҳои мавҷуда ва пешниҳодҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ, маҷалла бо номи “Саноат”-ро омода карда, ҷиҳати ирсол намудан  тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  хориҷии кишвар дархост намуд.

Истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмин намудани талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, амалӣ намудани корҳои ободонӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои кории нав саноатчиёни мамлакатро водор месозад, ки аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, саҳмгузории соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёти миллӣ баланд  бардошта, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои  хуби  истеҳсолӣ истиқбол гирем.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон