Маълумот оид ба фаъолияти муассисаҳои илмию таълимӣ дар раванди алоқамандии илм бо истеҳсолот

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №147 «Дар бораи Низомномаи Вазорати саноат ва тхнологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар зертобеи вазорат 4 муассисаҳои  таҳсилоти олӣ: -Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб, Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии саноат, Пажуҳишгоҳи давлатии илмӣ- тадқиқотии”Ғизо”,  як муассисаи миёнаи касбӣ- Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова ва се муассисаҳои типи нав, аз ҷумла литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, литсейи инноватсионии назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсинӣ дар шаҳри Кулоб ва  «Соҳибкорӣ»-и назди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият доранд.

Имрўзҳо муассисаҳои илмию таълимии зертобеи Вазорат барои татбиқи илм дар истеҳсолот ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии  истеҳсолии донишҷӯён бо   235 корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо, Аз ҷумла:

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  бо ташкилоти ҷамъиятии “Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ”, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ “Таком”, Академияи милли  илмҳои ҶТ, ҶДММ “Дунёи Нав АСК”,   Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи ҳифзи  сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе,   Маркази конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ҶСК “Илмӣ- истеҳсолӣ”, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҶДММ “Сафо”-и  ноҳияи А.Ҷомӣ, ҶСК “Маркази барқу гармидиҳӣ”-и шаҳри Душанбе,  ҶСП “Комбинати шири Душанбе”, ҶСК “Заводи машруботбарории Душанбе”, ҶДММ “ПАПО-Шаҳринав”, ҶДММ “Фабрикаи шири Саодат”, ҶСК “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”, ҶСК “Корхонаи истеҳсолии маҳсулоти қаннодии “Ширин”, Корхонаи истеҳсолии “Оби тоза”, ҶСК “Равғани тоҷик”, филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар  шаҳри Душанбе,  ҶСК “Агроинвестбонк”, КМ ҶДММ “Зарафшон”, ҶСК “Шабакаҳои барқии ш. Душанбе”, КВД “Коргоҳи мошинасозӣ”,  МД “Маркази миллии ташхиси бойторӣ”, ҶДММ “ИИ Нассоҷии тоҷик”, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Палатаи савдо ва саноати Ҷмуҳурии Тоҷикистон, ҶСП “Торгмаш”ва дигарҳо.

Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо  ҶШСК  «Ангишт», КФ «Шахтаи Фон -Яғноб», ҶДММ «Сиёвуш Ф», ҶШСК «Чароғ», КД «Востокредмет», ҶМТКММ  «Апрелевка», ҶДММ КМ  «Зарафшон», ҶДММ «Қулла» КВ  «Экспедитсияи  иктишофӣ–геологии  Помир»,  КВ «Экспедитсияи  комплексӣ-геологии Қайроққум», ҶМДММ  «Петролеум Суғд», Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд,  КВ  «Экспедитсияи иктишофӣ – геологии ҷануби Тоҷикистон», ҶСК КМ «Адрасмон», КВД  «Садаф», КМ  «Анзоб» ва Шабакаҳои барқии Суғд.

Донишкадаи технология ва меначменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб бо  ҶДММ «Ориён – Рустам». Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кўлоб, Раёсати назорати давлатии энергетики минтақаи Кўлоб, ҶДММ «Иқлим»-и ш. Кўлоб, ҶСШК «Комбинати шир»-и шаҳри Кўлоб, Корхонаи коркарди нафти ш. Кўлоб ҶДММ «Ҷалолӣ», Фабрикаи ресандагии «Кўлоб – текстайл», ҶДММ «Тиллои сафед», Сомон Кўлоб таҷҳизот, ҶДММ «Даврон – К», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Авранг»,  Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Восеъ», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Садранг» ва дигарҳо.

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ҶДММ “ИИ Нассоҷии Тоҷик”, ҶДММ “Шири Саодат”, ҶСП ТАҚҲ  “Имон Интернейшнл”, ҶСП ТАҚХ Ҳумо, Бонки байналмиллалӣ, тарабхонаи Яккасарой, қаҳвахонаи Пирамида, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҶДММ  “Чор Фасл”,  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҶСП Спитаменбонк,  БДА ҶТ “Амонатбонк” ва дигарҳо.

Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Нафту газ», Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо, Корхонаи муштараки «Анзоб», Корхонаи муштараки «Зарафшон», КМКД «Тиллои тоҷик», ҶСК «Хоҷамуъмин», Шабакаҳои барқи  ш. Душанбе ва Шабакаҳои барқи  шаҳру ноҳияҳо, ҶДММ «Диёри офтобпараст», ҶСП «Ҷамаст», ҶДММ «Замин коттон», ҶСК Ноби Роғун», ҶДММ «Муҳандисони лоиҳасоз», КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯӣ  аксбардории геологӣ», КВД «Экспедитсияи иктишофии геологии ашёҳои радиоактивӣ», ҶСК «Сементи тоҷик», Институти иқтисодиёти соҳаи кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзӣ, ҶДММ “Шоҳин” ва  ғайраҳо робитаҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин, пажуҳишгоҳҳои илмии тадқиқотии зертобеи вазорат низ ҳамкориҳои самарабахшро ба таври доимӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ роҳандозӣ менамоянд.

Муассисаҳои таълмии  болозикр баҳри алоқамандии илм бо истеҳсолот ва расидан ба ҳадафи вогузорнамудаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ҷаҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноат, дар назди корхонаҳои системаи саноатии кишвар 31 адад филиалҳои кафедраҳои соҳавӣ таъсис додаанд, ки он барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» аз 21 июли соли 2010, № 629 ба тавсиб расида, бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии зертобеи он паркҳои технологӣ таъсис дода шудааст, ки донишҷўён дар баробари таҳсил, ҳамзамон метавонанд дар раванди корҳои истеҳсолӣ иштироки бевосита дошта бошанд ва дар натиҷа дорои таҷрибаи хуб мегарданд.

Фаъолияти марказҳои рушди касбият дар назди муассисаҳои мазкур сол аз сол рушд ёфта, заминаи онҳо бо дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимотҳои технологӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари роҳандозӣ гардидани чораҳои дар боло зикргардида, ҳамзамон патенту ихтироотҳое, ки аз ҷониби устодону  донишҷўёни муасссисаҳои таълимии зертобеи вазорат ба даст омадааст, дар корхонаҳои саноатии кишвар ҷорӣ шуда истодаанд, аз чумла: дар 10 соли охир 141 патенту ихтироотҳо ҳимоя карда шуда, аз ин миқдор 50 адади он дар истеҳсолот ҷорӣ шудаанд ва сол аз сол чунин тамоюл рушд меёбад.

Мавриди зикр аст, ки ҳар сол зиёда аз 3000  нафар  муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро  хатм намуда, дар асоси эҳтиёҷот ва дархости корхонаю муассисаҳо, ҳамзамон дар асоси озмунҳо дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон