Чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рўзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 IMG_2312        23 ноябри соли 2020 ба ифтихори санаи муҳими даврони истиқлолият – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва изҳори эҳтирому қадршиносӣ ба ин рамзи давлатӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технолгияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса чорабинии тантанавӣ  баргузор гардид.

           Ҷаласаро муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави   Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифӣ Бахтиёр Маҳмуд ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо кулли кормандони соҳаҳои саноати кишварро аз номи роҳбарияти  вазорат табрику таҳният гуфтанд. Инчунин, вобаста ба ин санаи фархунда маърӯзаҳои мутахассиси пешбари раёсати технологияҳои нав Таманно Шифоева ва мудири бахши ҳуқуқ Раҳимхоҷазода Раҷабалӣ Раҳимзода доир ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин карда шуд.

 IMG_2316          Дар  анҷоми чорабинӣ,  муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда,  иброз намуданд, ки ҳар яки  мо, бахусус насли ҷавон  дар баробари ҳисси ифтихор аз Парчами миллӣ, эҳтироми онро низ ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат бояд ба ҷо оварем. Мо дар зарфи бисту нўҳ  соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талоши   мардуми шарифи кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштаем  ва боварии комил дорем, ки  зери ин Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон, ободиву пешрафт ва зиндагии пурсаодати халқи азизи Тоҷикистон таъмин хоҳад гашт.

 

                                                                        Бахши котиботи Вазорати саноат ва

                                                   технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон