Вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_230123 ноябри соли 2020 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманнро ба ҳузур пазируфт.

Ҳангоми мулоқот тарафҳо пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд.

 

Бахши котиботи

Вазирати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон