Таваҷҷуҳ оид ба тақвияти рушди соҳаи коркарди пилла то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ

Бо мақсади фароҳам овардани замина барои ҳарчи бештар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Дар доираи барномаи SWITCH-Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, 26 ноябри соли 2020 амалишавии лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли абрешим ва матои атлас дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» оғоз гардид. Мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба рушди устуворона, пешрафти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то маҳсулоти ниҳоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ маҳсуб меёбад. Лоиҳа дар муддати се сол амалӣ шуда, паҳлӯҳои васеи мавзӯъҳои имконияти беҳтар намудани занҷираи аслии истеҳсоли атлас дар бар мегирад. Масъулини лоиҳа фаъолияти зеринро анҷом хоҳанд дод:

– Гузаронидани тадқиқот оид ба талаботи мавҷуда ба матои атлас;

– Барқарор намудани истеҳсолоти абрешим ва матои атлас;

– Баргузор намудани омӯзиш ва семинарҳои таълимӣ;

– Баргузор намудани чорабиниҳои минтақавӣ ва намоишҳо бо иштироки истеҳсолкунандагони абрешим ва матои атлас.

Мавриди қайд аст, ки ҳоло корхонаҳои коркарди пилла ҶДММ «ВТ-Силк» ва ҶДММ «Дук» мавҷуд мебошанд, ки ресмон ва матои абрешими надофӣ истеҳсол менамоянд. Инчунин, ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ягона корхона дар самти истеҳсоли матои атлас дар ҷумхурӣ ба ҳисоб рафта, истеҳсоли зиёда аз 60 намуди матои атлас ва 30 намуди матои адрасро ба роҳ мондааст.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон