Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_1898Санаи 13 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нав доир ба натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ ҷиҳати рушди соҳаи саноат барои семоҳаи якуми соли 2021 дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои рушди соҳаҳои алоҳидаи саноат баргузор гардид.

IMG_1897

Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва сардорони сохторҳои дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нав,  намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳои системаи  саноатӣ  иштирок намуданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар баромади худ аз дастовардҳои сол,  бакорандозии пурраи истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, фаъол намудани дастгоҳу таҷҳизотҳои истеҳсолии муосир, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда,  ҳамзамон доир ба камбудиву норасогиҳо дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ сухан гуфта, масъулини соҳаҳои саноатиро муваззаф намуданд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва амалисозии барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои саноат  фаъолияти истеҳсолии хешро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намуда, ҷиҳати расидан ба чунин ҳадафҳо дучанд саъю кӯшиш намоянд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон