ВОКУНИШ ба мақолаи «БАРДОШТ ЗАМ КУН?! ВА Ё АЗ ЛИМИТИ БАРҚ ТО ПАРВОЗИ НАРХИ АНГИШТ», ки дар сомонаи рӯзномаи СССР санаи 20.01.2021 аз ҷониби мухбири рӯзномаи СССР дар вилояти Хатлон Баҳодури Уроқ нашр гардидааст

Бояд қайд намуд, ки бо пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, инчунин сол аз сол зиёд гардидани талабот ба ангишт, корхонаҳои соҳа  бо зиёд намудани ҳаҷми истихроҷи  ин намуди сӯзишворӣ ва мунтазам таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, дар рушди устувори мамлакат ҳиссагузор мебошанд.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки истихроҷи ангишт сол аз сол зиёд гардида, тайи солҳои 2019-2020 истихроҷи он дар ҷумҳурӣ ҳар сол зиёда аз 2,0 млн тоннаро ташкил менамояд, ки  чунин нишондиҳанда дар таърихи Тоҷикистон беназир аст. Дар ин раванд талаботи дохилии кишвар, аз ҷумла аҳолӣ, корхонаҳои саноативу энергетикӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар истифодабарандагон бо ангишт ба пуррагӣ таъмин карда мешаванд.

Тибқи маълумотҳои ҷамъбастӣ, фурӯши ангишт дар соли 2020 миқдори 2046,3 ҳазор тоннаро ташкил намудааст ва бо нархҳои дастрас, ки аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, ба аҳолӣ 526,4 ҳазор тонна, ба корхонаҳои саноатӣ-энергетикӣ 1482,1 ҳазор тонна ва ба муассисаҳои буҷетӣ бошад 35,1 ҳазор тонна фурӯхта шуда, содироти он тавассути корхонаҳои соҳа 2,7 ҳазор тоннаро ташкил намудааст.

Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки аз ҳаҷми ангишти ба корхонаҳо фурӯхташуда 1145,5 ҳазор тоннаи он ба МБГ-2 ш. Душанбе равона шудааст ва ин боиси ба пуррагӣ фаъолият намудани маркази мазкур гардида, дар фасли сармо аҳолии пойтахти ватани азизамонро бо гармӣ ва барқ таъмин намуда истодааст.

Бо назардошти гуфтаҳои боло бояд зикр намуд, ки тибқи нархномаҳои тасдиқгардида корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт,  аз ҷумла  кони ангишти “Фон-Яғноб”-и  ноҳияи Айнӣ ва кони ангишти “Зиддӣ”-и ноҳияи Варзоб ҳамчун таъминкунандагони асосии кишвар ба ҳисоб мераванд. Вобаста аз навъ ва сифати ангишт, дар кони ангишти “Фон-Яғноб” нархи 1 тоннаи он барои аҳолӣ 300320 сомонӣ ва дар кони ангишти “Зиддӣ”  200 сомонӣ муқаррар гардида,  ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳамзамон, аз тарафи корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар асоси муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳои камбизоат ва ниёзманд) ангишт ройгон таъмин карда мешавад. Масалан,  соли 2020 дар асоси муроҷиати оилаҳои камбизоат аз тарафи корхонаҳои соҳаи саноати ангишт зиёда аз 50 адад чунин оилаҳо бо беш аз 150 тонна ангишт ҳамчун кӯмак тариқи ройгон таъмин карда шуда, дар баробари ин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  моҳи январи соли 2021 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёда аз 3000 тонна ангишт ба таври ройгон равона шудааст. Инчунин, роҳбарияти соҳа тасмим дорад, ки иқдоми хайрхоҳонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмонро идома дода, тибқи дастуру супоришҳои додашуда онро ба анҷом расонад.

Имрӯзҳо дар кишварамон зиёда аз 230 корхонаҳои саноативу энергетикӣ аз ангишти ватанӣ истифода мебаранд, ки ин вобастагии иқтисодиёти мамлакатро аз дигар манбаҳои алтернативӣ раҳоӣ мебахшад.

Баландшавии нархи фурӯши ангишт дар бозорҳои кишвар, ки аз ҷониби соҳибкорон ва миёнаравон амалӣ мешавад, бо назардошти хароҷоти роҳкиро ба роҳ монда мешавад. Таҳлилҳо чунин нишон медиҳанд: аз кони ангишт то минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон, ки масофаи зиёда аз 300-400 км-ро дар бар мегирад, барои таҳвил додани 1 тонна ангишт 200-250 сомонӣ сарф мешавад. Ин ба арзиши ангишт таъсир расонида, арзиши 1 тонна ангишт бо назардошти харид ва таҳвили он ба 520-550 сомонӣ мерасад. Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки аз ин арзиш қиматтар фурӯхта шудани ангишт аз дигар хароҷотҳои тиҷоратии соҳибкорон (андоз, музди кормандон ва фоиданокӣ) вобастагӣ дорад.

Барои таъминоти саривақтӣ ва коҳиши арзиши роҳкиро, ки ба арзиши ниҳоии ангишт таъсир мерасонад, вазорат тасмим гирифтааст, ки омӯзиши зуҳуротҳои ангиштро дар минтақаи худи вилояти Хатлон дар соли равон оғоз намуда, истихроҷи онро роҳандозӣ намояд.

Вобаста ба масъалаи баланд будани нархи ангишти воридотии Қирғизистон бояд қайд кард, ки маҳсулоти воридшаванда дар тамоми соҳаҳо аз арзиши воридот ва хароҷотҳои роҳ, гумрукӣ ва дигар хароҷотҳои таъсиррасон вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, нархи бозории ангишт ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Ангишти Тоҷик” ва корхонаҳои соҳаи саноати ангишт вобастагӣ надошта, танзими он бевосита ба салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Дар баробари ин, корхонаҳои соҳаи ангишт омодаанд, ки таъмини талаботи бозори дохилии ҷумҳуриро бо пуррагӣ қонеъ намуда, шаффофияти истихроҷ ва танзими арзиши аслии маҳсулотро бо масъулияти баланд таъмин намоянд.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон