Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_1936Санаи 26 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Вазорат дастаҷамъона тавассути пахши мустақими телевизионӣ Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд.

Дар Паёми навбатии худ, Сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, махсусан саноатикунонии босуръати мамлакат, давра ба давра аз байн бурдани  мушкиливу монеаҳо дар бахши саноат, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои ҷаҳонӣ дар истеҳсолоти саноатӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ватани маҳбубамон   бо таваҷҷуҳ сухан гуфтанд.

IMG_1938

Аз ин лиҳоз,  саноатчиёни кишвар муваззаф ҳастем, ки  баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  содиқона  ва бо масъулияти баланди касбӣ  дучанд  меҳнат намоем.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон