Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҷонибдории инноватсия ва соҳибкорӣ тавассути бунёди паркҳои фановарии технологӣ”

IMG_1966Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатии муҷаҳҳаз бо технологияҳои инноватсионӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 феврали соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии вазорат семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҷонибдории инноватсия ва соҳибкорӣ тавассути бунёди паркҳои фановарии технологӣ” бо иштироки ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ профессор Соҳайл Нақвӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии зерсохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нав, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва якчанд ташкилоту муассисаҳо, ҳамчунин соҳибкорони истеҳсолӣ баргузор гардид.

IMG_1972

Қабл аз ҳама, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Билолзода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта,  семинарро ҳусни оғоз бахшиданд ва сухани ибтидоӣ ба ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, профессор Соҳайл Нақвӣ дода шуд.

Профессор Соҳайл Нақвӣ аз рӯи мавзӯи “Ҷонибдории инноватсия ва соҳибкорӣ тавассути бунёди паркҳои фановарии технологӣ” баромад намуда, ба таваҷҷуҳи ҳозирин паҳлуҳои  мавзӯи мазкурро муаррифӣ намуданд, ки он дар воқеъ хеле диққатҷалбкунанда  ва  ба манфиати кор буд.

Баъд аз суханронии ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, якчанд иштироккунандагони семинари мазкур доир ба мавзӯи зикргардида ибрози ақида намуда, ба саволҳои пешниҳоднамудаашон аз ҷониби профессор Соҳайл Нақвӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон