Ифтитоҳи хати нави коркарди пиёз дар ҶДММ «Хуҷанд-Агро»

50901091022_a964b0f80f_cТибқи расонаҳои расмии АМИТ «Ховар», санаи 2 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти хати нави технологии коркарди пиёз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд-Агро” оғоз бахшиданд.

Самти асосии фаъолияти ҷамъият – ин коркард ва банду басти меваю сабзавот ва хушконидани он буда, хати нави технологӣ имкон дорад дар 1 шабонарӯз то 30 тонна пиёзро коркард ва хушк намояд. Дастгоҳу таҷҳизотҳои коргоҳи нав аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, таҷҳизоти пиёзхушккунӣ истеҳсоли давлати Ҳиндустон  мебошад.50900977591

Ширкати ватании “Хуҷанд-Агро” бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд — ширкати “Аркун”-и Федератсияи Россия таъсис дода шуда, барои вориду насби таҷҳизоти пиёзхушккунӣ 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои сармоявӣ харҷ гардидаанд ва сабзавот, аз ҷумла пиёз аз хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзии минтақаҳои вилояти Суғд вобаста ба талабот харидорӣ мегардад.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат соҳибкорону истеҳсолкунандагони вилояти Суғд ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифату таркиб, намуд, банду баст ва тамғагузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, молу маҳсулоти кишоварзиро мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ омодаву содирот менамоянд ва саҳми чунин соҳибкорон дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар назаррас арзёбӣ мегардад.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон