Эълон

банер 3хх6Бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии аҳолӣ дар самти истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, бо ҷалби корхонаҳои давлативу хусусӣ, ҷиҳати  сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи банди 2-и амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 январи соли 2019, №АП1256 ва аз 27 январи соли 2020, №1332 дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии ҷумҳуриявии Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” гузаронида мешавад.

Бинобар ин, аз заргарони моҳир хоҳиш карда мешавад, ки санаи 13 феврали соли 2021 дар даври ниҳоии ҷумҳуриявии Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” фаъолона иштирок намоянд.

 

 

Макони баргузории чорабинии мазкур: шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21, коргоҳи заргарии “Зари Тоҷик”,  ошёнаи 3-юм.

Оғози чорабинӣ: соати 800.

Марҳамат ба фестивал.

Телефон барои тамос: (37221-15-75).

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон