Баррасии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Россия

MINPROMTORG-ROSSIIСанаи 8 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Денис Мантуров баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкориҳо дар бахши иқтисодиву тиҷоратӣ табодули афкор намуда,  қарор карданд, ки бо саъю кӯшиши якҷоя ба ҳамкориҳои муштарак тақвият бахшанд ва гардиши савдои ҷонибҳоро афзоиш диҳанд.

Илова бар ин, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои муштараки саноатиро дар соҳаи автомобилсозӣ, бахусус ташкил ва ҷой намудани истеҳсоли шинаҳо дар қаламрави Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон