Баргузории Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…”

IMG_2199Санаи 13 феврали соли 2021 дар ҶДММ “Зари Тоҷик”, воқеъ дар шаҳри Душанбе бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии аҳолӣ дар самти истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, бо ҷалби корхонаҳои давлативу хусусӣ, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба бандҳои дахлдори амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2019, №АП1256 ва аз 27 январи соли 2020, №1332 даври ниҳоии ҷумҳуриявии Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” баргузор гардид.

IMG_2117Мавриди зикр аст, ки дар даври ниҳоии ҷумҳуриявии Фести-вали мазкур ҶДММ “Карон Гавҳарнигор”, ҶДММ “Тоҷик Кристалл”, LA’Al Textiles, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ҶДММ “Зари Кӯлоб”, ҶДММ “Рухом”, ҶДММ “Асрори санг”, ҶДММ “Ақиқа”, МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷи-кистон”, ҶДММ “Тоҷи Заррин” ва дигарҳо, ҳамзамон ҳунармандону заргарони инфиродӣ бо муаррифии маҳсулоти истеҳсолнамудаи хеш фаъолона иштирок намуданд.

IMG_2260Боиси зикр аст, ки дар Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Тоҷиддин, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин дигар шахсони дигари расмӣ иштирок доштанд.

 

IMG_2291

Дар  анҷоми чорабинии мазкур, тибқи баҳогузориҳои ҷамъбастии аъзои тадорукот ба фаъолон ва ғолибони Фестивал аз рӯи номинатсияҳои муқарраршуда ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.

 

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон