Баргузории семинар-машварат доир ба раванди низоми иҷозатномадиҳӣ тавассути барномаи электронӣ

20210222_103423Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва мусоидат ба рушди соҳаҳои саноат, ҷиҳати аз байн бурдани мушкиливу монеаҳои сунъӣ ва ҷорӣ намудани шаффофият дар раванди иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, муддати чанд моҳ мешавад, ки бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати электронӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби довталабони иҷозатнома танҳо тавассути барномаи нави электронӣ (ijozatnoma.tj) ба роҳ монда шуда, чунин иқдом сари вақт тариқи расонаҳои хабарии кишвар эълон гардидааст.

20210222_104549Санаи 22 феврали соли 2021 бо иштироки роҳбарони корхонаҳо аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе, ки фаъолияташон ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот равона гардидааст, семинар-машварат баргузор гардида, бори дигар барномаи болозикр ба таври мукаммал вобаста ба гирифтани иҷозатномаи соҳаи мазкур муаррифӣ гардид.

20210222_103319

Бояд зикр намуд, ки гарчанде барномаи мазкур падидаи нав дар соҳа мансуб ёбад ҳам, вале роҳандозии он ба рушди соҳибкорӣ мусоидат намуда, монеаҳои сунъиро дар ҷараёни иҷозатномадиҳӣ аз байн мебарад ва шафофиятро дар ин ҷода тақвият мебахшад.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон