Шодбошӣ бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо – саноатчиёни кишварро бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ – 23 феврал муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъули истеҳсолӣ музаффариятҳои беназир орзу менамояд.

Бояд зикр намуд, ки имсол Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол 28 сола шуда, натиҷаҳои назарраси он бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Гуфтан ба лозимист, ки ҳифзи марзу буми Модар-Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат буда, мо, саноатчиёни кишварро зарур аст, ки ба хотири пойдории сулҳу субот ва тинҷиву оромии давлати азизи худ содиқона меҳнат намуда, дар раванди амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардем.

Рӯзи артиши миллӣ муборак ҳамкорони гиромиқадр!

 

Бо камоли эҳтиром,

Шералӣ Кабир,

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон