Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҶДММ «Бохтар шифер»

1Тибқи расонаҳои расмии АМИТ «Ховар», санаи 24 марти соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бохтар шифер»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати як гектар бунёд гардидааст.

2Фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шуда, 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхона ду хати  технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.

Иқтидори корхонаи  мазкур дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона истеҳсоли шифер буда, дар як сол метавонад 1 миллиону 100 ҳазор дона шифер истеҳсол намояд.

3Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ низ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон