Густариши ҳамкориҳои мутақобила

11Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои 29-30 марти соли 2021, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Файзи Ғуриёнӣ  баргузор гардид.

22

Дар доираи вохӯрии мазкур, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи саноат ва рушди савдо муҳокима гардида, дар анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор оид ба тақвият  бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи манфиатбахш дар самти саноат ва савдои ҳарду кишвар ба имзо расонида шуд.

 

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон