Оғози баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулотҳои қолинии истеҳсоли ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»

1Санаи 1 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе Намоиш-фурӯши маҳсулотҳои қолинии истеҳсоли ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» оғоз гардида, он то 4 апрели соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев идома меёбад.

Чорабинии мазкур дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуда, ба тарғибу ташвиқ ва муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба шаҳрвандон, мусоидат мекунад.

Боиси зикр аст, ки ҳамасола баргузор намудани чорабинии мазкур ба ҳукми анъана даромада, дар он то 30 % тахфиф барои харидории ҳар як қолин пешбинӣ карда мешавад.

ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» яке аз истеҳсолкунандаи бузурги маҳсулоти қолинӣ дар кишвар ба шумор рафта, парки технологиии корхона бо дастгоҳҳои истеҳсоли ширкатҳои Олмон, Белгия, Фаронса, Италия, Туркия ва Эрон азнавмуҷаҳҳазгардонӣ карда шудааст. Ҳоло дар корхона 10 намуди қолинҳои патдор («Азата», «Визион», «Симин», «Суғдиёна», «Шоҳаншоҳ», «Мароқанд», «Роҳгард», «Тафтинг» ва «Суғдиёна Голд»), 4 намуд қолинҳои тафтингӣ бо истифода аз 200 нақшу нигор истеҳсол гардида истодааст.

2

Мавриди қайд аст, ки рушди соҳаи қолинбофӣ зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти Олӣ ва Ҳукумати кишвар қарор дода шуда, дар ин раванд «Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 31 марти соли 2021 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, қабул карда шуд.

Мақсади асосии Барномаи мазкур ин фароҳам овардани замина барои рушди босуботи соҳаи қолинбофӣ, мунтазам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли қолин, тақвияти иқтидори содироти маҳсулот, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоя маҳсуб меёбад.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон