Боздиди роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Намоиш-фурӯши маҳсулотҳои қолинии истеҳсоли ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»

1Намоиш-фурӯши маҳсулотҳои қолинии истеҳсоли ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ташкил гардидааст, зиёда аз 80 ҳазор метри мураббаъ маҳсулотҳои қолинӣ ба маърази харидорон пешкаш карда шудааст.

2Cанаи 2 апрели соли 2021 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз намоиши мазкур боздид намуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки чунин намоишгоҳҳо дар дигар манотиқи кишвар низ ба таври мунтазам баргузор карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он ба тарғибу ташвиқ ва муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон