Оғози фаъолияти ҳафтаи муди Тоҷикистон

1Санаи 2 апрели соли 2021 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe чорабинии ҳафтаи муди Тољикистон «Tajikistan Fashion Week» ба фаъолияти худ оғоз намуд, ки он то 4 апрели соли равон идома меёбад.

Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳодияи эҷодии «T&Z» ташкил гардида, хусусияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорад ва дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии созмондиҳандагони ҳафтаи муд,  ин имкони бештар барои тарроҳон ҷиҳати муаррифии маҳсулот дар сатҳи муди касбӣ, таваҷҷуҳ ба арзишҳои либосҳои анъанавии миллӣ, асолати этникӣ ва омезиши гуногунрангии либосҳо ба шумор меравад.

Дар қатори тарроҳони ватанӣ, инчунин тарроҳон аз кишварҳои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб коллексияҳои худро пешниҳоди ҳаводорони олами муд мегардонанд. Коллексияҳои таҳиянамуда, асосан аз либосҳои занонаи ба таври миллию аврупоӣ дӯхташуда иборат мебошанд.

Баргузории ҳафтаи муд таҷрибаи пешқадами соҳа дар аксарияти кишварҳои хориҷӣ дониста шуда, дар Тоҷикистон соли чорум аст, ки доир  мегардад.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон