Ташрифи намояндагони ҶДММ «Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит»-и Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

1Бо мақсади амалӣ намудани ҳамкориҳои судманд, бо ташаббус ва даъвати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҶДММ «Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит»-и Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, санаи 5 апрели соли 2021 ҳамоиши кории роҳбарият ва сохторҳои дахлдори Вазорат бо ҳайати намояндагони ширкати мазкур баргузор гардид.

Дар дастгоҳи марказии Вазорат, вохӯрии вакилони халқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи паркҳои технологӣ ва таҷрибаи ташкил намудани онҳо баргузор гардида, доир ба он ибрози назар  карда  шуд.

4Ҳамзамон, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи мазкур – Шараф Шерализода бо намояндагони ҶДММ «Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит»-и Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон  баргузор шуд, ки вобаста ба имтиёзҳои мавҷуда барои корхонаҳои саноатӣ, хусусан дар паркҳои саноатӣ ва сармоягузорони хориҷию ватанӣ, сӯҳбати самарабахш ба анҷом расонида шуд.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон