Ҳафтаи бузурги саноатии “ИННОПРОМ” дар Ӯзбекистон

Санаи 5 апрели соли 2021, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “ИННОПРОМ” иштирок карда, дар ҷаласаи асосии стратегии чорабинӣ – “Истеҳсоли ҷаҳонии саноатӣ дар ҷустуҷӯи муҳаррик” суханронӣ намуд.

Вазир қайд карданд, ки дар Тоҷикистон тағйироти пешомад эҳсос мешавад, чунки тақрибан 60% аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, истифодаи чунин иқтидори инсонӣ барои рушди иқтисод бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.  Дар мисоли муваффақ, Шералӣ Кабир зикр намуданд, ки соли 2020  новобаста аз пандемияи коронавирус, дар Тоҷикистон лабораторияи зеҳни сунъӣ таъсис дода шуд. Лабораторияи мазкур аллакай маҳсули худро пешкаши бонкҳои кишвари мо кард. Вазир, инчунин ба шарту шароити мусоиди сармоявӣ дар кишвар ишора намуда, сармоягузоронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Хотиррасон менамоем, ки Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “ИННОПРОМ” аз 5 то 7 апрел дар Тошканд гузашта истодааст.

Дар чорабинии мазкур, ширкатҳои саноатӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Фаронса, Олмон, Чехия, Ҷопон, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон иштирок доранд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти соҳаи мошинсозии нақлиётӣ ва энергетикӣ, технологияҳои иттилоотии саноатӣ, техникаи тиббӣ ва дорусозӣ, металлургия ва  дигарҳо пешкаш мешаванд.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон