Вохӯрӣ бо намояндагони Ширкати «Çalık Holding»-и Ҷумҳурии Туркия

IMG_2878Санаи 17 майи соли 2021 вохӯрии роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати «Çalık Holding»-и Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкати мазкур, роҳҳои дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар самтҳои дахлдор маҳсуб меёбанд.

Ҳамчунин, боздид ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудани намояндагони Ширкати «Çalık Holding» аз як қатор корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Ширкати «Çalık Holding» дар самтҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, энергетика, молия, телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ фаъолият дошта, корхонаҳои нассоҷии зерсохтори ширкати мазкур қатори истеҳсолкунандагони бузурги матои ҷинс дар ҷаҳон шомил буда, иқтидори истеҳсоли 55 млн метр матои ҷинс дар як солро доро мебошанд.

Ширкат бо брендҳои ҷаҳонӣ аз қабили Diesel, Replay, G-Star, Tommy Hilfiger, Pepe Jeans, Topshop, River Island, Marks & Spencer, Citizen of Humanity, Guess, Joe’s Jeans, Good American, Frame, Banana Republic, H&M, GAP, Zara, IKEA, LIDDLE, TESCO, SEARS ҳамкорӣ дошта , маҳсулотҳои худро пешкаши харидорон менамояд.

 

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон