Ҷаласаи якуми вазирони саноати давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

             Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба таъсиси механизми нави ҳамкорӣ  дар соҳаи саноат, ташкили чорабиниҳо доир ба ташкили  конгресс- намоишҳо,  инчунин  бобати  таъсиси Бонк доир ба маълумотҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши саноат бо назардошти қонунгузориҳои миллӣ тавассути баргузор намудани ҷаласаҳои Вазирони саноати давлатҳои узви СҲШ.,    санаи 16 июли соли 2021 (тариқи маҷозӣ)  ҷаласаи якуми вазирони саноати давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳти раисии  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир  бо  Вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия ҷаноби Мантуров Д.В. Котиби Вазири саноати вазнини  Ҳиндустон  ҷаноби  Арун Гёл,  Ноиб- вазири индустрия ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон хонума Шеглова Динара Ринатовна,   Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Қирѓизистон  ҷаноби Дегенбаев Бакыт Қудусович, Муовини Вазири  саноат ва иттилоотикунонии  Ҷумҳурии Халқии Хитой  ҷаноби Ван Цзяпин, Вазири Федеролии саноат ва истеҳсолоти Ҷумҳурии Исломии Покистон  ҷаноби  Бухтиар Махдум Хусро, Муовини Вазири  рушди иқтисод ва коҳиш додани камбизоатии Ҷумҳурии Ўзбекистон  Абдиназаров Бобур Қаландарович, Муовини Котиби Генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  Ҷаноби Ҷонон Шералӣ Саидамир,   инчунин  меҳмони даъватшуда ба сифати мушоҳид ҷаноби Нисор Аҳмад  Файзи Гуриёнӣ – Вазири саноат ва савдои   Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон бо шукўҳу шаҳомати хос ва ба ҳама ҷонибҳо самарабахш баргузор гардид.

            Баъд аз тасдиқи Рўзномаи машварат, масъалаҳо оид  ба вазъи ҷорӣ, дурнамо ва ташаббусҳо дар самти ҳамкориҳои давлатҳои узви СҲШ дар бахши саноат мавриди баррасиву муҳокима қарор дода шуда. дар анҷом санади  дахлдори баргузории Мавшварат қабул карда шуд.

         Дар ҷараёни ҷаласа ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бобати  мунтазам баргузор намудани ҷаласаҳои вазирони саноати давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай.

Бахши котибот