Муаррифии маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ аз қабили қолинҳои дастбофт ва маҳсулоти нассоҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии Heimtextil Russia

       Аз 14 то 16 сентябри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Намоишгоҳи байналмилалии Heimtextil Russia-2021 баргузор гардид.ярбабаева
Намоишгоҳи мазкур яке аз сертамошобинтарин Намоишгоҳ дар мавзӯи пешниҳоди маҳсулоти ороиши хона ба шумор рафта, ширкатҳо аз давлатҳои Россия, Белорус, Озорбойҷон, Олмон, Австрия, Фаронса, Перу, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон
дар маҷмӯъ зиёда аз 120  ширкату муассиса ва корхонаю коргоҳҳо маҳсулоти худро аз қабили қолини дастбофт, дастархону сачоқ, рахти хоб, чиҳози нарм, парда, либос барои ҳаммом, чарму матоъ барои мебелро ба тамошобинон пешкаш намудаанд.
Аз ҷониби масъулини лоиҳаи «Навсозӣ ва баланд бардоштани ракобатпазирии қолинҳои дастбофт, маҳсулоти нассоҷӣ барои хона ва атласу адрас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери бренди миллии «Лаъл- Текстайл» коллексияи нави қолинҳои дастбофт, дастархону сачок, ҳамёнҳои занона ва армуғонхоро дар Намоишгоҳи болозикр манзури        тамошобинон гардонида шудаанд.
Хотиррасон мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз  ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкори бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат амали шуда истодааст.       Лоиҳаи “Навсози ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва нассоҷӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” то охири соли 2021 идома  ёфта,  мақсади асосии лоиҳа таквияти содирот тавассути пешниҳоди дизайн ва беҳтаргардонии сифати маҳсулоти корхонаю коргоҳҳои ватанӣ ба шумор меравад.

 Бахши котиботи Вазорати саноат

 ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон